Паёми Президенти кишвар ба макомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз барномаҳои стратегии давлатие мебошад, ки ҳар сол бо шукуҳу шабоҳати хос ироа мегардад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, ки санаи 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, яке аз муҳимтарин барномаи давлатие мебошад, ки ба давраҳои гуногун бахшида шудааст.
Дар оғози Паём Пешвои муаззами миллат аз натиҷаи кори мақомотҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода зикр карданд, ки “соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд”.
Бо мақсади шарҳи ин ва дигар нуқтаҳои дар Паёми имсола зикргардида Қодирзода Абдуҷаббор – Муовини Расиси Суди Олии иқтисодӣ, Темурзода Шамсиддин – судяи суди Олии Иқтисодӣ ва Мирзозода Парвиз – судяи Суди Олии иқтисодӣ дар ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав бо сокинон ва фаъолон вохӯри гузарониданд.
Дар вохӯри бо сокинон ва фаъолон доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва паҳлуҳои муҳими Паёми имсолаи Пешвои миллат суҳбат гузаронида шуд.
Махсусан доир ба 22 марта соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об расман оғоз гардидани татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ба кор андохтани агрегата якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти такдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми тарифу заҳматқарини тоҷик амалй гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикй ба ҳисоб мераванд маъруза шуд.