Президенти мамлакат Паёми набатии худро дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дастовардҳои мардумӣ тоҷикро дар сиёсати дохиливу хориҷӣ таҳлил ва самтҳои асосии мамлакатамонро барои давраҳои минбаъда муаян намуданд.
Қобили кизр аст, ки Пешвои миллат ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи хоса намуда, оид ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушт додани саноат, авзун намудани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин роҳ таъмини сатҳи иҷтимоӣ, маошу нафақа, касбомӯзи, дастгирии занон ва фароҳам овардани шароити хуби зиндаги, барои мардум вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеъа, волоияти қонун таъқид намуда оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму экстремизм, такмили қонунгузорӣ дар ин самт дастурҳои мушаххас доданд.
Роҷеъ ба ҳокимияти судӣ, идома додани ислоҳотӣ судӣ-ҳуқуқиро қайд карда, сохторҳои марбутаро таҳкид намуданд, ки барномаи навӣ ислоҳотӣ судӣ-ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 вобаста ба такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, андешидани татбирҳо бобати баррасии босифату саривақтии парвандаҳои судӣ ва иҷрои санадҳои қабулгардида таҳия ва пешниҳод намоянд.
Паёми имсоларо мардум бо як рӯҳи болида шунида, аз дастовардҳои беназири имсола, амсоли ба истифода дода шудани чархаи якуми НОБи “Роғун”, барқарории муносибатҳои дӯстона бо ҳамсоякишвар – Узбекистон, ки хешу ақрабову пайвандонро ба дидору висоли ҳамдигар расонида, боиси рушди ҳамкорӣ гардид, ифтихъор ва нури умеду бовариро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон борои дигар дар қалбҳои мардуми кишвар маскан ва таҳким бахшид.
Бознашр аз рузномаи
“Народная Газета”