- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Сафари хизматии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Ҷалолиддин ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Санаи 6-7 соли ҷори  Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа – Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сафари хизмати Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштанд.

Сафари хизматии бо мақсади иштирок дар Форуми Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Таҳдидҳои замони муосир ва дурнамои рушди медиатсия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: қарорҳои институтсионалӣ ва таҷриба”  дар якҷоягӣ  бо  корманди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом дода шудааст.

Дар натиҷа, ҳайати гуруҳ бо таҷрибаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон “Дар бораи медиатсия” ва фаъолияти медиаторҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия шиносои пайдо намуда, баромади экспертҳои байналмилалӣ дар соҳаи медиатсияро шунида, таҷрибаи татбиқи институти медиатсия дар якчанд давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ шиносои пайдо намуданд.

Сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар якҷояги бо намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзои Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия” мебошад, анҷом дода шуда, таҷрибаи татбиқи институти медиатсия дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия ва якчанд давлатҳои Аврупо ба маълумоти аъзоёни Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия” пешниҳод карда мешавад.