Имруз дар Суди Олии иқтисодӣ таҳти раисии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Раёсат аризаи директори ҶДММ “Челси”-и шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов С.А. дар бораи беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти 020/15/Т/А/1 аз 23.6.2015 сол, аризаи ҶСП “Оби Зулол” дар бораи рӯёнидани боҷи давлатии пардохтгардида ба маблағи 6 217 658,28 сомонӣ ва аризаи ҶСП “Бонки фаръии Покистон дар Тоҷикистон” дар бораи рўёнидани маблағи қарзи бонки аз ҳисоби амволи гарав мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
