Имруз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда ва муовини Раиси суд Аминзода Зокирҷон қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд шуд, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Қаландарзода Мавмуда бо ҳамроҳии Аминзода Зокирҷон имрӯз 6 нафар шаҳрвандон, шахсони воқеъи ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро қабул намуда, бобати пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои онҳо ба кормандон супоришҳои мушаххас дод.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандози намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯзҳои шанбе аз ҷониби роҳбарияти суд қабули шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.
Нақшаи қабули шаҳрвандонро аз ҷониби роҳбарияти суд метавонед дар суроғаи зерин дастрас намоед НАҚШАИ қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон