Имрӯз дар суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 № 147 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ‘’ дар бораи сари вақт омода намудани судҳои иқтисодӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 аз ҷониби роҳбарияти суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои суд ярмарка фуруши маҳсулоти нияёзи аввал аз қабили биринҷ ва равғани растани барои кормандони суди Олии иқтисодӣ ташкил карда шуд.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захира намудани маҳсулоти хурокворӣ барои кормандон дар мавсими зимистон, Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ният дорад ки дар оянда низ чунин иқдомҳоро амали намояд.
Маркази матбуотии СОИ ҶТ