Эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Имрӯз  дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 вобаста ба Нақша чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешвои миллат – ташаббускори рушди сайёҳи ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид. Дар он роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе инчунин муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло иштирок намуданд.

Мизи мудавварро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда оғоз намуда суханро ба муовини якуми Раиси кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло доданд.

Амирбекзода Ҳабибулло оид ба ҳадаф ва мақсадҳои аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  эълон намудани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуда, қайд карданд,  ки   маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  захира ва имкониятҳои сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ карда мешаванд.

«Дар ҳашт моҳи соли равон зиёда аз 60 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуда, аз имтиёзҳои фароҳам овардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бархурдор гардиданд. Дар маҷмӯъ, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 140 адад расид», зикр намуд Амирбекзода Ҳабибулло.

Дар идомаи мизи мудаввар сардори раёсати Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин дар мавзӯи “Соли рушди сайёҳӣ – соли дастоварҳои тоза дар кишвар баромад намуда қайд карданд, ки Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд.

Ҳамчунин дар кори мизи мудаввар иштирокчиён   вобаста ба ташаббусу дастигириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, таъмини амнияти сайёҳон ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари таблиғотию иттилоотӣ барои пешниҳоди маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозори берунаи хизматрасонӣ андешаронӣ намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу