Гуруҳи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Саид Суҳроб, Мирзозода Парвиз, Раҷабзода Парвина ва Сардори Раёсат Асрорзода Зуҳуриддин тибқи нақшаи кории Суди Оли иқтисодӣ бобати расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти суди иқтисодии вилояти Суғд рузҳои 17-20 октябри соли 2018 ба шаҳри Хуҷанд сафари корӣ анҷом доданд. Ҳамзамон аз рўи нақшаи корӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон дар ду факултети Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷўён доир ба Истиқлолияти Давлатӣ ва Ҳифзи арзишҳоион, Конститутсия раҳнамои давлат, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ,
терроризму экстремизм, муқовиммат бо коррупсия, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохўрӣ доир намуданд.
Зимни баромад Асрорзода Зуҳуридин қайд кард, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирўзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Дар идомаи вохӯрӣ гуруҳи корӣ доир ба мавзуҳои зикргардида бо донишҷӯён суҳбат гузарониданд.
Зимни вохўрӣ донишҷуён фаъолона мубоҳиса намуда ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

