- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имруз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амали гардонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандози намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қабули шаҳрвандон гузаронида шуд,

Қаландарзода Мавлуда имрӯз 4 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, бобати пешниҳод ва барраси намудани муроҷиатҳои онҳо ба кормандон супоришҳои мушаххас доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, тибқи Нақшаи қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули шаҳрвандон дар дигар рӯзҳои корӣ низ ба роҳ монда шудааст.