Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи дохилиидоравӣ оид ба гузаронидани шанбегиҳо дар Суди Олии иқтисодӣ, шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар ин шанбегӣ, ки бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ гузаронида шуд, гирду атроф ва боғи назди бинои Суди Олии иқтисодиро тоза намуда, бо мақсади нарм гардонидани зери дарахтон ва гулҳо ба зери онҳо нуриҳои минерали аз қабили пору кашонида шуд.
Инчунин бо мақсади сазовор гузаронидани ҷашни Рузи кормандони мақомоти судӣ, ки рузи 26 октябр ҷашн гирифта мешавад, дар назди бинои суд гулҳои мавсими шинонида шуд, ки назди бинои судро зебо ва назаррабо мегардонад.



