Вохурӣ бо магистрантони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир, судяи ҳамин суд  Азизи Ҷалолиддин, сардори раёсат Асрорзода Зуҳуриддин ва мутахассиси пешбар Ҳамроқулзода Борбад дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо магистрантони ин муасисисаи таҳсилоти олии касбӣ доир ба мавзуъҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯуҳҳои ифротӣ, роҳу усулҳои пешгирии ҷиноятҳои терроризму экстремизм, муқовиммат бо коррупсия, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вохурӣ доир намуданд.

Зимни вохурӣ Аминзода Зокир қайд намуданд, ки Афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурўҳҳои террористӣ дар чаҳони муосир, яке аз омилхои муташанниҷ гардидани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имруза гардидааст. Аз ин бармеояд, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тамомми суханрониашон доир ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракҳои террористиву экстремисти қайд менамоядн. Махсусан дар паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, ки “Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт”. Дигаргуниҳои калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Точикистон дар солхои 90-уми асри гузашта ру ба ру шуд, кишвари моро ба душворихои сангин дучор сохта, боиси сар задани ҷангҳои дохилию таҳмилии солхои 1992-1997, гардид.

Дар идомаи вохӯрӣ гуруҳ дар мавзӯъҳои зикргардида баромад намуда бо магистрантон гуҳбати озод баргузор намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу