Санаи 04 октбяри соли 2018 судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Ҷ.А., бо котибии Ҳамроқулзода Б.А., дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ноҳияи Спитамени вилояти Суғд вобаста ба парванда бо даъвои саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Исмоили Сомонӣ”-и ноҳияи Спитамен маҷлиси сайёри судӣ гузарониданд.
Инчунин санаҳои 04-05 окябри соли 2018 бо сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен вохуриҳо намуда, вобаста ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои замин, талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи давлатӣ оид ба муқовимат бо коррупсия, Стратегияи давлатӣ оид ба муқовимат бо экстримизм ва дигар қонунҳои амалкунанда баромадҳо намуданд.