Баргузории мизи мудаввар вобаста ба таҷлили рӯзи Забони давлатӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т., судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, мизи мудаввар доир гардид.

Мизи мудавварро муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т. оғоз намуда қайд карданд, ки забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлатии миллӣ маком ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад.

Дар замони ҳозира, ки барои ҳамаи кишвар глобализатсия, тамаддуншавӣ таҳдид мекунад, забонҳои пурқудрат забонҳои миллатҳои хурдро танг карда, ба нестӣ мебаранд. Имрӯз соҳиби забони тоҷик бояд хурду калон, ҳар фарди ҷумҳурӣ бошад.

Ҳар шахс бояд ба ин кор масъул бошад, забонро ғанӣ гардонад. Ҳар касе, ки ба забони модариаш беэҳтиромӣ мекунад, худро эҳтиром намекунад, вай инсони комил нест. Чун мо дар остонаи таҷлили рӯзи Иди Забон истодаем, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро бо ин иди пуршукуҳи сухан табрик мекунем ва орзуманди он ҳастем, ки барои пойдории забони миллат ҳар яки мо саҳми босазои хешро гузорем.

Дар мизи мудаввал судяи Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Парвиз дар мавзӯи «Забон ин муқаддасоти миллист”, баромад намуда, иштирокчиён доир ба мавзӯҳои зикргардида, таърихи мақоми давлатӣ пайдо намудани забони тоҷикӣ, танзими вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва дигарҳо масаъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ТҶ

Напечатать страницу Напечатать страницу