Субҳи имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Спитамени вилояти Суғд Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо сокинони ноҳия, ки дар мақомоти давлатии сатҳи вилоят фаъолият доранд, мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот судяи Суди Суди Олии иқтисодӣ Нуриддинӣ Н., раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Қосимзода С. муовини якуми Раиси ноҳияи Спитамен Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷ. ва даъватшудагон Сардори шуъбаи бехатарии дохилии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Сатторов Б. Муовини БДА ШВКД ҶТ дар вилояти Суғд Ҷамолов М., Сардори шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раҳматзода Ғ., корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд Мирсаидзода И., корманди шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Эшонқулзода Ҷ. ва дигарон ширкат варзиданд.

Дар оғози мулоқот Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар партави иҷрои Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018, таҳти № АП-1059, инчунин амалӣ намудани супоришҳи протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти дадвлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як деҳаву маҳалли аҳолинишин, аз ҷумла бунёди марказҳои саломатӣ, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дузандагӣ, коргоҳҳои ҳунармандӣ, корхонаҳои саноатӣ, таъмиру тармими роҳҳо, гулу гулкорӣ бо ҷалби тамоми имкониятьои мавҷуда, аз ҷумла имкониятҳои соҳибкорону шахсони саховатпеша, сокинони маҳаллаҳое, ки дар мақомоти давлатӣ ва хориҷи кишвар фаъолият менамоянд бояд анҷом дода шаванд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории мулоқоти имрӯза низ боз ҳам вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ бо ҷалби аҳли ҷомеа, махсусан соҳибкорону шахсони саховатманд мебошад. Ҳамчунин оид ба нақшаю чорабиниҳо ва корҳои ободонию созандагӣ то инҷониб андешидашуда маълумот дода аз ҳозирин даъват ба миён оварданд, ки дар пайгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат ҳамчун хизматчии давлатӣ намунаи ибрати сокинони ноҳия бошанд ва фаъолона дар корҳои ободонию созандагӣ ҷалб ва дар маҳаллаи зисти худ бобати тарғибу ташвиқи корҳои созандагию ободкорӣ аҳолиро ҳидоят намоянд.
Дар навбати худ даъватшудагон изҳор доштанд, ки барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен дар ободу зебо намудани ноҳия саҳмгузорӣ менамоянд. Аз ҷумла, иштирокдорон дар таъмири 500 метр роҳ, бунёди хонаи 5 ошёна, таъмири чоҳи об, насби чароғакҳои роҳ ва сохтмони дигар иншоотҳо саҳмгузор хоҳанд гардид.
Ёдрас мешавем, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти №АП-1059 аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ муайян гардидаанд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди зиёда аз 300 иншооти мухталиф дар назар дошта шуда, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии “Маҳтоб”, бинои маъмурии ҶДММ “Гули Сурх Континент”, комплекси меҳмонхона ва хизматрасонии маишии “Судайс” бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ва ҳаммом, маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии “Райҳона”, ду толори варзишии замонавӣ ва майдончаи варзишии бачагона дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол, пули мошингузар дар деҳаи Куркати Ҷамоати деҳоти Куруш, бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия, бинои хизматрасонии Маркази тиббии дандонпизишкӣ ва хуҷраҳои гиёҳдармонӣ, хонаи муолиҷа, хонаи безараргардонӣ, хонаи ортопедӣ, хуҷраи хатна, ошхонаи замонавии «Дӯстӣ» дар Ҷамоати деҳоти Тағояк, чойхонаи «Ҳоҷӣ Норбек» дар Ҷамоати деҳоти Куруш ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 2,5 км роҳи автомобилгарди шаҳраки Навкат ва деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев ба анҷом расонида шуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ