- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Қабули шаҳрвандон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имруз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Раиси суд Аминзода Зокирҷон қабули шаҳрвандон гузаронида шуд, ки аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.

Аминзода Зокирҷон  имрӯз 5 нафар шаҳрвандонро қабул намуда, бобати пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои онҳо ба кормандон супоришҳои мушаххас дод.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандози намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯзҳои шанбе аз ҷониби роҳбарияти суд қабули шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.