Санаи 1 октябри соли ҷори судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурзода Шамсиддин, Қаландарзода Мансур ва мутахассиси пешбари Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Фаррух бо фаъолон ва сокинони ҷамоати Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода вохури баргузор намуданд.
Мақсади вохурӣ ба фаъолон ва сокинон фаҳмонида додани аҳамияти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки санаи 4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иборат буд.
Дар рафти вохури Темурзода Шамсиддин қайд намуд, ки имрӯзҳо терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Тамоюлҳои геополитикии ҷаҳони имрӯза – терроризму экстремизм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Инчунин дар идома оид ба мавзуъҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», суҳбатҳо намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ