Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 № 147 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ‘’ дар бораи сари вақт омода намудани судҳои иқтисодӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 бо фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои судҳои иқтисодӣ тасдиқ карда шудааст.
Бобати таъмини иҷрои банди 4-и Нақшаи чорабиниҳои мазкур, яъне ташкил намудани фурӯши маҳсулоти хурока, аз ҷониби роҳбарияти суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои суд ярмарка фуруши маҳсулоти нияёзи аввал аз қабили картошка ва пиёз ташкил карда шуд.
Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захира намудани маҳсулоти хурокворӣ барои кормандон дар мавсими зимистон, ният дорад ки дар оянда низ чунин иқдомҳоро амали намояд.
Маркази матбуотии СОИ ҶТ