Гузаронидани шанбегӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ гирду атроф ва боғи назди бинои Суди Олии иқтисодиро тоза намуда, бо мақсади намои зебо пайдо кардан, гирду атрофи дарахтон ва гулҳоро нарм намуда аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба ҷашни «Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рузҳои шанбе бо ҷалби роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодӣ шанбегӣ ва корҳои тозагию ободои гузаронида мешавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу