- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 20 январи соли 2016 оид ба муҳим будани донистани забонҳои хориҷӣ таъкид намуда буданд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паёми Президенти кишвар, инчунин тибқи банди 13 Нақшаи  чорабиниҳои татбиқи стратегияи  муқовимат  ба коррупсия дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020  омӯзиши  забонҳои  хориҷӣ  барои судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  дарсҳои мазкур  дар  ҳамкорӣ  бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби   КВД «Маркази миллии имконоти ҷавонон» гузаронида  шуданд. Дар давоми  ду  моҳ кормандони  Суди  Олии иқтисодӣ ба омӯзиши  забони англисӣ  сатҳи “Beginning” машғул гардиданд. Ҳамзамон  ба нақша  гирифта  шудааст, ки  дарсҳои  омӯзишии забонҳои хориҷӣ  идома дода шавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ