Имрӯз, 7 сентябри соли равон Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дар чорабиниҳои ҷашнгирии 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Спитамен иштирок намуд.
Қобили зикр аст, ки ба ифтихори таҷлили бошукуҳи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаҳои марказии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, марказҳои ҷамоатҳои деҳот бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон оро дода шуда буданд.
Субҳи 7 сенябр чорабиниҳои идона аз баистифодадиҳии як қатор бинову иншоот, ки дар пайгирии сиёсати созандаю ободкоронаи роҳбарияти мамлакат омода гардидаанд, ибтидо гирифт. Аз ҷумла, сараввал дар деҳаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Ӯлҷабоев кушодани нуқтаи тиббии дандонпизишкӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мамашарипов А. сохта шудааст, оѓоз гардида, тибқи дастурҳои Пешвои миллат дар нуктаи тиббии мазкур ҳуҷра барои гузаронидани хатнасур бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ омода карда шудааст. Хамзамон, дар ҷамоати деҳоти Тағояк, дар шоҳроҳи Душанбе –Чаноқ ошхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ (соҳибкор Пиряков Ғ), дар ҷамоати деҳоти Куруш бинои дуошёнаи хизматрасонии чойхона, сартарошхона ва дигар нуктаҳои хизматрасонӣ (соҳибкор Қурбонов Б.), дар ҷамоати деҳоти Истиқлол, толори варзишӣ (соҳибкор Мирсаидов А.), дар шаҳраки Навкат бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ба истифода супорида шуданд.
Бегоҳи рузи 7 сентябр бо мақсади бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ин ҷашн дар маркази ноҳия чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида, дар даромадгоҳи мавзеи чорабинӣ намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва ҳунарҳои мардумии ноҳия ташкил ва ба меҳмонону иштирокдорон манзур гардид.
Дар ибтидо раиси ноҳия Сулаймонзода А.Р. меҳмонон ва ҳозиринро муборакбод намуд. Раиси Суди Олии иқтисодӣ зимни баромадаш оид ба арзиши ин ҷашни муборак барои мардуми тоҷик, дастовардҳои даврони Истиқлолият сухан карда, табрикоти идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинони ноҳия расониданд. Баъдан бо сухани табрикоти ҳокими шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зафар Файзуллоев, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қобилов ҳозиринро бо ҷашни миллӣ муборакбод гуфтанд. Сипас, барои иштирокдорон аҳли ҳунар – сарояндаҳо ва ҳунармандони ҷумҳуриву ноҳия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ пешкаш намуданд, ки васфи ваҳдат, якпорчагӣ, ҳамдиливу нишоти мардум, дӯстии халқҳоро фарогир буд.
Дар ҷараёни вохўрӣ сокинони ноҳия бо руҳияи болида аз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ шукргузорӣ намуда, якдилона пуштибонӣ доштани худро аз сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро оид ба идомаи корҳои созандагиву ободонӣ меҳвари фаъолияту зиндагонӣ ва вазифаи муҳим барои худ медонанд.


























