- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Дар тантанаҳои идонаи Ҷашни Истиқлолият, ки бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисоди низ иштирок намуданд.

Шоми имрӯз дар тантанаҳои идонаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт, ки бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд баргузор гардид, роҳбарият ва кормандони Суди Олии иқтисодӣ ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт  ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабини Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони намуда кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон – бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо барномаи зебои  консертии устодони санъат ва ҳунармандон, хушу хотирмон идома ёфт.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ