Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ шанбеги гузаронида шуд.
Дар шанбеги идомаи корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва рангуборкунӣ баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар натиҷа гирду атрофи бино ва боғчаи назди бино кабудизор ва гулкори карда шуд, Панҷараҳои назди бино пурра рангубор гардида бинои суд бо тарзи муосир чароғон карда шуд, ки дар шаб намои биноро зебо ва назаррабо мегардонад.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

