Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ раис, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ба муносибати ҷашнгирии 27 солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Истиқлолияи давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судҳои иқтисодӣ” мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Комилӣ Ф. оғоз намуда, ҳозириниро аз номи роҳбарият барои иштирок дар кори мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, қайд карданд, ки бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум аз 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд, ки минбаъд ҳамасола 9 сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Дар даврони истиқлолият такмили қонунгузорӣ марбута ба фаъолияти судӣ аз замони расидан ба ваҳдати миллӣ ибтидо гирифта, то ба имрӯз дар раванди ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ қонунҳои нав қабул гардиданд, ки дар онҳо эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал
меистад.
Боиси зикр аст, ки дар даврони истиқлолият Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, дар заминаи он сохторҳои судҳо такмил ёфта, барономаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2023 дар марҳилаи таҳия қарор дорад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати 27 -умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сидқан табрик гуфта, барояшон сиҳатмандии комил ва бурдбориҳо дар фаъолияти кориашон орзу намуданд.
Ҳамчунин дар мизи мудаввар Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода Зумрад дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самари он дар таҳкими ҳокимияти судӣ”, Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Одиназода Ҷ.Х. дар мавзӯи “Нақши истиқлолияти давлатӣ дар таҳким ва рушди судҳои иқтисодӣ” ва мутахассиси пешбари раёсати судҳои Суди Олии иқтисодӣ Вализода Ф. дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва дастовари он” баромадҳо намуда, иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу


