Чи тавре, ки қайд намудем дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ ҳамарӯза ҳашарҳо ташкил гардида истодааст.
Имрӯз низ дар идомаи ин амалҳои тозагӣ ва ободонӣ дар Суди Олии иқтисодӣ корҳои рангуборкунии панҷараҳои назди бинои суд сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки чунин ҳашар ҳамарӯза то ҷашнгирии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

