- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Корҳои тозагӣ ва ободонӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни “Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ ҳашар ташкил гардид.

Дар ҳашар атрофи бинои суд, боғи назди бино ва гирду атрофи он аз партовҳо, алафҳои бегона тоза карда шуд,

Қобили зикр аст, ки чунин ҳашар ҳамарӯза то ҷашнгирии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.