- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Маросими супоридани мукофоти давлатӣ ба судяи суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурзода Шамсиддин

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат ба ифтихори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба судяи суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурзода Шамсидди унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва рутбаҳо самимона табрик гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ба шарофати ваҳдату сарҷамъии халқи тоҷик ҳар як хиштро барои бунёди ин давлат бо дастони худ гузоштаем. Ҳар як амали созандаи мо ин ояндаи худи мо, ояндаи фарзандони мо ва наслҳои ояндаи халқамон мебошад.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳама гуна амалҳои созандаро истиқбол намуда, барои дастовардҳо ва хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад. Сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ шакли олии қадрдонӣ мебошад.

Имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ омӯзгорону табибон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, соҳибкорон ва хизматчиёни давлативу ҳарбӣ буданд, ки дар соҳаҳои гуногун бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.

Президенти мамлакат аз саҳми шахсии ҳар як нафари соҳиби мукофоти давлатӣ гардида дар пешрафти кишвар дар даврони 27 соли соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мардуми кишвар 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои аз ин ҳам арзанда истиқбол мегиранд.

president.tj