Санаи 20 августи соли 2018 дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барнома Оид ба Муколама дар чаҳорчубаи лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастраси ба адолати судӣ” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Абдуҷаббор иштирок намуданд.
Дар кори барнома, ки дар мавзӯи мушаххас “Стратегияи миллии рушд дар ҳошияи ҳадафҳои рушди устувор ва таҳияи барномаи ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, оид ба натиҷаҳои кори муколамаҳои қалбӣ оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат, Санадҳои стратегияи рушди ҷумҳурии Тоҷикистон: Механизм барои татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи рушди устуворӣ 16 (Сулҳ, адолат ва ниҳодҳои самарабахш), самтҳои асосиӣ ва вазифаҳои Лоиҳаи Барномаи ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2023 ва тавсияҳои асоси ба гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи барномаи ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2023 баромадҳо ва муколамаҳо доир гардид.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ