Дар арафаи Иди Қурбон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муассисаҳои иҷтимоӣ ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе бо маслиҳати пешакӣ маводҳои хӯрока (марҷумак, ярмаи ҷавӣ, равған ва ярма ) харидорӣ намуда, 20 августи соли 2018 супорида шудааст. Ғайр аз ин, дар арафаи ин ид ба 6 нафар кормандони эҳтиёҷманди ҳайати хизматрасони Суди Олии иқтисодӣ ва 1 нафар маъюб, ки бо ариза муроҷиат намудааст ёрии моддӣ расонида шуд. Маблағи умумии кӯмаки расонидашуда ҷамъ 4200 сомониро ташкил дод.



