Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ ва котибони суди иқтисодии шаҳри Душанбе , шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар ин шанбегӣ гирду атроф ва боғи назди бинои Суди Олии иқтисодиро тоза намуда, гирду атрофи дарахтонро нарм намуда аз алафҳои бегона тоза карда шуданд. Инчунин гирду атрофи бино аз партовхо тоза карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба ҷашни «Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рузҳои шанбе бо ҷалби роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодӣ шанбегӣ ва корҳои тозагию ободои гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

