- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Машғулияти семинарии навбатии роҳбарият ва судяҳои Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрўз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2018 машғулияти семинарӣ доир гардид.

Дар семинари мазкур, ки бо раисии муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Абдуҷаббор баргузор гардид, роҳбарият ва судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд

Дар корӣ семинар Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Толиб дар мавзӯи Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фелмерӣ). Баҳсҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, Тартиби баромадан ё хориҷ намудани  саҳмдорон ва қабули аъзои нав”, Судяи Суди Олиии иқтисодӣ Ҷаллолиддин Азизӣ дар мавзӯи “Баррасии парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрӣ, ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамали) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода Зулфия дар мавзӯи омӯзиши қарори пленикми Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2009 “Дар бораи ҳалномаҳои судӣ”. Тартиби таҳияи ҳалномаи судӣ, муҳокимаи сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ маърӯзаҳо намуданд

Ҳамчунин дар рафти семинар иштирокчиён доир ба мавзўҳои зикргардида, баҳсу мунозира намуданд ва сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми семинар Раиси Суди Олии иқтисоди Қаландарзода Мавлуда бо роҳбарият ва судяҳо доир ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқибатҳои амалҳои коррупсиони ва хатари он дар байни кормандони дастгоҳи судҳо, иштироки фаъолона баҳри решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб суханрони намуданд. Қайд гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби судҳои иқтисодӣ дар оянда тадбирҳои тақвиятбахш ва самарабар ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои номатлуби коррупсионӣ идома дода шавад.

Марказӣ матбуоти СОИ ҶТ