Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки Сардори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин, мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус Шарофзода Далер ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе машғулияти семинарӣ доир гардид
Дар семинар сардори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин ва мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус Шарофзода Далер иштирок намуда, оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», талабот нисбат ба хизматчии давлатӣ, одоби хизматчии давлатӣ, омӯзиши Дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии он, суханрони намуданд.
Дар идомаи семинар Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии қонунҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Бахтиёр дар мавзӯи “Терроризм ва роҳҳои пешгирии он” ва Котиби марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назардода Даврон ва Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷамшед дар мавзӯи “Тартиб ва муҳлати протоколҳои маҷлиси судӣ зимни баррасии ариза (дархост) оид ба эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои давлатҳои хориҷи (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ), шакл ва мазмуни протоколи маҷлиси судӣ ва тартибу муҳлати таҳияи он” маърӯза намуданд
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

