- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 120 иншооти мухталиф бунёд мешаванд

Дар санаи 19 июли соли 2018 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дар  ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ барои таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Спитамен  баргузор шуд, ширкат варзиданд.

Дар кори ҷаласа Раис муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони гуруҳҳои кории ҷамоатҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок дошатанд.

Ҷаласаи Кумитаи тадорукотро  раиси ноҳия Сулаёмонзода Акрам оғоз намуд. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳаю маҳалли аҳолинишини ноҳия, ба ифтихори 30-солагии Истиқололияти давлатӣ ҳайати гурӯҳи корӣ бо ҷалби муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолон таъсис дода шудааст.

Ҳайати гуруҳи корӣ барои вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳаю маҳалли аҳолинишин ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагиро назорат намуда, барои пешрафти кор дар ин самт саъю кӯшиш намуда истодаанд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ як қатор иншооти хизматрасонию маъмурӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии “Маҳтоб”, ҳуҷраҳои иловагии бинои маъмурии КФ КВД “Лоиҳакаш”, анбори сӯзишворӣ ва бинои маъмурии ҶДММ “Гули Сурх Континент”, бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ва толори варзишӣ, комплекси меҳмонхона ва хизматрасонии маишии “Судайс” дар Ҷамоати шаҳраки Навкат, бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии “Райҳона”, толори варзишии замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол, маркази хизматрасонии филиали БДА “Амонатбонк” ва сохтмони пули мошингузар дар деҳаи Куркати Ҷамоати деҳоти Куруш ва мумфарш намудани роҳи автомобилгарди “Куркат-Ширин- Зафаробод” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 зиёда аз 120 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла марказҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, китобхона, марказҳои саломатӣ, ҳаммом, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмиру бунёди роҳҳои дохилӣ дар байни маҳалҳои аҳолинишин, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии садамавӣ ва таъмирталаб, инчунин гулкорию кабудизоркунӣ дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба анҷом расонида мешавад.

Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ оид ба вусъат додани корҳо, бештар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, ободу зебо намудани ҳар як гӯшаву канори ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба масъулини соҳаҳои дахлдор супоришҳо доданд.

Дар баробари ин тавсия дода шуд, ки байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва гуруҳҳои корӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ мусобиқа эълон карда шуда, ғолибон қадршиносӣ карда шаванд.

Дар охири ҷаласа изҳори умед карда шуд, ки сокинони ноҳияи Спитамен ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагиро вусъати бештар хоҳанд бахшид.

Маркази матбуотии СОИ ҶТ