«Тасдиқ мекунам»
Раиси комиссия – Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қодирзода «01» июли соли 2018
Саволҳо
оиди гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, дар Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Тоҷикистон
- Моҳияти Конститутсия-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст?
- Соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ нисбати давлат чиро инъикос менамояд?
- Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад?
- Салоҳияти Маҷлиси миллӣ.
- Салоҳияти Маҷлиси намояндагон.
- Ки метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад?
- Салоҳияти Президент.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад?
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кӣ бо кадом тарзу мӯҳлат интихоб мешавад?
- Интихоби Президент дар кадом вақт боэътимод шумурда мешавад?
- Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
- Чи гуна санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд?
- Асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро чӣ ташкил медиҳад ва мавқеи моликияти хусусӣ дар он?
- Таъин намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кадом мақомот ва дар кадом ҳолат сурат мегирад?
- Вазифаҳои ҳокимияти судӣ.
- Кадом қонунҳо тарзи ташкил ва фаъолияти ҳокимияти судиро ба танзим медароранд?
- Ҳуқуқи дахлнопазирии судя.
- Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ кадомҳоянд?
- Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ).
- Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ.
- Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд кай ба миён меояд ва қатъ мегардад?
- Намудҳои объектҳои ҳуқуқи гражданиро номбар кунед?
- Принсипҳои асосии қонунҳои гражданӣ кадомҳоянд?
- Мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд.
- Намояндагӣ чист?
- Ваколатнома чист?
- Мӯҳлати амали ваколатнома чанд вақт аст?
- Мӯҳлатро дар қонун чӣ тавр муайян менамоянд?
- Мӯҳлати даъво.
- Мафҳуми ҳуқуқи моликиятро шарҳ диҳед?
- Шаклҳои моликиятро номбар кунед?
- Мафҳум ва шаклҳои моликияти хусусӣ?
- Мафҳуми ноустуворона?
- Эмансипатсия чист?
- Мафҳуми ӯҳдадорӣ ва асосҳои ба миён омадани онро шарҳ диҳед?
- Асосҳо барои қатъи ӯҳдадорӣ кадомҳоянд?
- Мафҳуми шартномаро шарҳ диҳед?
- Мафҳуми аҳд.
- Навъҳои аҳдро номбар кунед?
- Шартномаи хариду фурӯшро шарҳ диҳед?
- Шартномаи мубодиларо шарҳ диҳед?
- Шартномаи ҳадяро шарҳ диҳед?
- Шартномаи кироя (иҷора)-и амволро шарҳ диҳед?
- Шартномаи иҷораи молиявиро шарҳ диҳед?
- Мафҳуми шартномаи истифодаи ройгонро шарҳ диҳед?
- Шартномаи пудратро шарҳ диҳед?
- Шартномаи қарзро шарҳ диҳед?
- Субъектҳои ҳуқуқи моликиятро номбар кунед.
- Васоят нисбати чӣ гуна шаҳрвандон муқаррар карда мешавад?
- Парасторӣ нисбати чӣ гуна шаҳрвандон муқаррар карда мешавад?
- Ворисон дар ҳуҳуқи гражданӣ.
- Ворисии ҳуқуқ ба меросро шарҳ диҳед?
- Кай мерос кушода мешавад?
- Асосҳои ворисӣ (меросхӯрӣ) кадомҳоянд?
- Васиятнома чист?
- Маҳали кушодани мерос.
- Навбати аввали ворисони қонуниро номбар кунед?
- Киҳо ҳуқуқ ба ҳиссаи ҳатмии мерос доранд?
- Мафҳуми хизматчии давлатӣ?
- Меросгирӣ бо ҳуқуқи пешниҳод.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»?
- Принсипи асосии хизмати давлатӣ?
- Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ?
- Намудҳои алоҳидаи қоғазҳои қиматнок.
- Мафҳуми ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдудро шарҳ диҳед?
- Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳарвандӣ ва сиёсӣ кай қабул карда шуда ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай эътироф карда шудааст?
- Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кай қабул карда шуда ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай эътироф карда шудааст?
- Эъломияи Умумии ҳуқуқи башар кай қабул карда шудааст?
- Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак кай қабул карда шуда ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай эътироф карда шудааст?
- Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ кай қабул карда шуда ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кай иштирокчии он мебошад?
- Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи рафъи тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон кай қабул карда шуда ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кай иштирокчии он мебошад?
- Иттиҳоди Аврупо чӣ гуна созмон аст, кай таъсис ёфтааст ва кадом давлатҳо аъзои ин созмонанд?
- Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) – чӣ гуна иттиҳод аст, кай таъсис ёфтааст ва аз кадом давлатҳо иборат мебошад?
- Синни ниҳои дар хизмати давлати барои мард ва зан?
- Конвенсияи байналхалқӣ чӣ гуна намуди шартномаи байналхалқӣ мебошад?
- Корпуси дипломатӣ аз киҳо иборат аст?
- Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх чӣ гуна ташкилот аст, кай таъсис ёфта ва самти фаъолияти он аз чӣ иборат мебошад?
- Феҳристи мансабҳои давлатӣ ва категорияҳои мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ?
- Номгӯи шартномаҳои байналхалқиро номбар кунед?
- Принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо чӣ гуна принсипи байналхалқӣ мебошад?
- Созмони Амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) чӣ гуна ташкилоти байналхалқӣ мебошад?
- Созмони Милали Муттаҳид чӣ гуна ташкилот аст, кай таъсис ёфта ва мақсади он аз чӣ иборат мебошад?
- Низоми хизмати давлатиро номбар кунед?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
- Манъбахои асосии танзимкунандаи муносибатхои мехнатӣ кадоманд?
- Вазифахои асосии корманд дар муносибатхои мехнати.
- Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳоянд?
- Татбики конунхои мехнат нисбат ба шахрвандони хоричӣ, шахсони бетабаа ва ташкилотхои хоричӣ.
- Санадхои меъёрии дохилӣ (локалӣ) чист?
- Мафхуми корфармо дар муносибатхои мехнати.
- Мафхуми корманди кироя (корманд) дар муносибатхои мехнати.
- Мақсади бастани шартномахо ва созишномахои коллективӣ.
- Мафхуми шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ.
- Тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ.
- Мазмуни шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ.
- Катъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ.
- Навъҳои ҳафтаи кор. Низоми вакти кор.
- Муҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ