- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ – Мавзуна Гулмаҳмадовна, котиби марҳилаи якуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар замоне Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “ойинаҳои нилгун” – и хориҷи мамлакат як кишвари ҷангзадаву ноамн тасвир мешуд, имрӯз ба туфайли ваҳдати миллӣ ва раҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакати рӯ ба тараққй ва амнтарини минтақа табдил шуда, дар сиёсати байналмилалй ҷойгоҳи баланду шоистаро касб кардааст

Мусаллам аст, ки вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва рушди бонизоми икдисоди миллӣ аз рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 21 сол муқаддам оғоз ёфта, баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ кишвари соҳибистиқлоли мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид, ки бунёдгузори чунин гардиши наку Президенти маҳбубу мардумсолори кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Аз таърихи инсоният медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бо сабабу омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи вахдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ чунин хатар ба сарнавишти тоҷикон таҳдиди мустақим мекард. Хушбахтона, дар чунин давраи сангини таърих ба иқболи мардуми тоҷик ва бо фазли Илоҳӣ шахсияте дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур кард, ки халқи вомондаро аз доми балоҳо раҳо кар­да, хатари нобудии давлату миллатро аз байн бурд. Кунун аз файзи хиради воло ва сиёса­ти бунёдгарои ин шахсияти тобноки таърих Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз сол ба сол уфуқҳои тозаи рушду тараққиётро фатҳ намуда, ободу зеботар мегардад.

Албатта, вахдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои бунёдии ин неъмати бебаҳо буд, ки дар партави сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллат ҳамчун чароғи ҳидояти мардум ба сӯи шоҳкориҳои азим гардид. Чу­нин шоҳкориҳоро мо аз як ҷашн то ба ҷашни дигари вахдати миллӣ пурра эҳсос мекунем ва мебинем, ки шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар пайи сохтмони иншооту муассисаҳои нав рӯз ба рӯз симои хубу зеботар касб мекунанд. Бо бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ мизони таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ беҳтар шуда, сатҳи иҷтимоии мардум низ ба­ланд мегардад, ки натиҷаи сулҳу субот дар ҷомеа мебошад.

Аз нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки ҳар сол ташрифи шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ин раванд, агар аз як тараф ба табиати зебову нотакрори кишвари азизи мо рабт дошта бошад, аз ҷониби дигар ҳамин сулҳу субот, муҳайё гардидани инфрасохтори замонавии туристӣ ва кафолати амниятӣ боиси ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷаҳонгардон аст. Чунон ки маълум аст, ҳоло Сарвари давлат ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ интизориҳо дар мавриди боз ҳам бештар гардидани сайёҳони хориҷӣ ва тавсеаи фаъолият дар ин бахши муҳиму судоварро бештар кардааст.

Барои расидан ба ин ва дигар ҳадафҳои олӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои  Истиқлолияти давлатӣ ва вахдати миллӣ аз шумори вазифа ва масъулиятҳои аввалини ҳар яки мост. Зеро ҳаводиси замони муосир бо зуҳури хатарҳои оядасӯзи хеш, дар мисоли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир метавонанд ба фазой сулҳу субот дар дилхоҳ ҷомеа халал ворид созанд. Гузашта аз ин, бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд сулҳу суботи пойдори кишварамонро ба қимати ҷони худ ҳифз на­моем ва аз хатарҳои афзоянда дар канор бо- шем.

Мавзуна ГУЛМАҲМАДОВА, котиби марҳилаи якуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз рузномаи “Ҷумҳурият”