- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

МАСИРИ ҲАРАКАТ АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ – Вализода Фаррух, Мутахассиси пешбари Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар зарфи ду моҳи охир баргузории ду конфронси байналмилалии сатхи баланд дар шахри Душанбе нишон дод, ки Ҷумхурии Тоҷикистон тахти рохбарии Сарвари башардӯсти худ дар эҷоди сулҳу ваҳдат ва хамгироӣ кадамхои фаротар аз марзи хеш мегузорад. Тархрезӣ ва мизбонии хар ду чорабинии сатхи ҷахонӣ, ки бо эхтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон, дастгарии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон сурат гирифт, хамин маъниро бозгӯ намуда, бори дигар мавқеи устувору сулххохонаи Точикистонро дар чахон муаррифӣ намуд

Мусаллам аст, ки касби ҷойгохи шоистаи Тоҷикистони азиз дар сиёсати байналмилалӣ баъд аз имзои Созишномаи умумии истикрори сулх ва ризоияти миллӣ ба миён омада, эътибори баланди кишвари мо дар арсаи чахонӣ, амалан ибтикороти Сарвари давлат пайванд гирад. Далели ин амр дар чонибдории сокинони сайёра аз ташаббусхои байналмилалии Пешвои муаззами.-.миллат вобаста ба халли масоили глобалии чахон аст.

Оғози татбиқи иқдоми ахири Точикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушду устувор, солхои 2018-2028», алакай мардуми сайёраро дар моварои халли мушкилоти вобаста ба об ва пешгирии харгуна низоъхои марбут ба он қарор додааст. Иштироки сарони давлатухукуматхо, беш 1500 хазор намоянда аз кишвархои гуногуни чахон ва созмонхои бонуфуз дар Конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба Дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солхои 2018 – 2028», ки рузҳои 20 – 21 июн дар шахри Душанбе баргузор гардид, нишон дод, ки мардуми сайёра ин ташаббуси Пешвои миллати точиконро дорой ахамияти хеле мухим мешиносанд. Зеро дар гузашта об хам ба сари худ мочарохое дошт, ки ба низоъхои мусаллахона кашонда шудааст. Аз ин ру, ахамияти иқдомоти Точикистон дар ин самт на танхо дар таъмини сокинони сайёра бо оби тоза, истифодаи самараноку оқилонаи он, балки як навъ пешгирӣ аз хамагуна хушунатхои эхтимолӣ вобаста ба тақсими об миёни кишварҳои олам дониста мешавад.

Феьлан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешоханги халли масоили вобаста ба об дар чахон, хамчунин бо тадорукоти анчомдодаи худ ба хайси кишвари дорой нақши фаъол дар мубориза бо хатархои чахони муосир, аз кабили терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шинохта шудааст. Баргузории хамоиши байналмилалии сатхи баланд тахти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» рузхои 3 – 4 май дар пойтахти Точикистон бо хузури беш аз 400 намояндаи кишвархои хоричӣ мисоли равшани ин гуфтахо буда, бори дигар аз мақеи сулххохонаи кишвари мо паем дод, ки бодай сарфарозии хар фарди бедордили чомеа аст.

Аз ин ру, дар замени пуртазоди имруз, моро зарур аст, ки дар Хифзи арзишхои сулху ваздати’ миллӣ. Хамчун сарогози барору комёбихои сиё­сати дохиливу хоричӣ масъулияти бештар нишон дода, ичрои хадафхои созан- даву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор дихем.

Вализода Фаррух,

Мутахассиси пешбари Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон