Дар низоми давлатдории муосири тоҷикон Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикнстон ба Мачлиси Олй ҳамчун хуҷҷати барномавии сиёсию хукуқй, иқтисодию фарҳангӣ ва дорой афзалиятҳои давлатдории миллй шинохта шудааст.
Аз ҳамин дидгоҳ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки моҳиятан дастури сабақомӯз ва ҳидоятнома ба фардои боз ҳам дурахшон аст, мардуми шарафманди тоҷикро вориди боз як марҳалаи нави рушд хоҳад кард. Бешак, мо аз Паём то Паём шоҳиди дигаргуниҳои азими иктисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқию фарҳангй ва шукуфоиҳои беназирем, ки дар маҷмӯъ ба раванди рушди бонизоми кишвар таъсири мусбат гузоштаанд. Сиёсати бобарори дохилй, роҳандозии робитаҳои мутавозини хориҷй, ки тарҳи аслии онҳо аз нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олй бармеоянд, сол ба сол нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад.
Таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар ин замина баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судй, аз мавзӯъҳои калидие ба шумор ме- раванд, ки дар ҳар Паёми Сарвари давлат мавқеи хос доранд. Дар ин замина ба манзури таҳкими низоми ҳуқуқиву судӣ се барномаи ислоҳот ва як қатор санадҳои меъ- ёрии ҳуқуқии дахлдор ба тасвиб расиданд. Татбиқи босамари барномаи ислоҳот тавонист, ки дар шаклгирии низоми боадо- лати судӣ, мустаҳкам гардидани сохтор, ҳалли масоили иҷтимоии он, тавсеаи муносибатҳои байнал- милалии ҳокимияти судй заминаи воқеӣ гузорад. Зеро бо фароҳам овардани заминаҳои қонунй, ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои танзим- кунандаи фаъолияти мақомоти судй мавқеъ ва нақши низоми судии кишварамон боло рафта, дар маҷмӯъ як марҳалаи сифатан навро дар таърихи ҳокимияти судии кишвар ташаккул бахшид.
Мо, кормандони ҷавони мақомоти судии кишвар, аз он сарфарозем, ки дар партави сиёсати ояндабинонаи Пеш- вои муаззами миллат ҳамеша аз имтиёзу дастгириҳои зиёд бархӯрдорем. Тавре маълум аст, дар доираи татбиқи сиёсати дав- латии ҷавонон, ки аз ибтидо дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурй қарор дошт, институтҳои муҳими кор бо ҷавонон дар сатҳи ҳукуматӣ ва муассисаҳои таълимй созмон ёфта, ба ҳузури васеи ҷавонон дар умури давлатдорӣ мусоидат намуданд.
Айни ҳол дар баробари дигар соҳаҳо нақши ҷавонон дар пеш- рафти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла судҳо, низ назаррас мебошад. Дар зарфи як соли охир бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ба вази- фаи судягй таъйин гардидани беш аз 60 нафар кадрҳои ҷавон, ки до- рои таҷрибаи корй ва маҳорати хуби касбӣ мебошанд, далели ин гуфтаҳост. Дар мақомоти сусудии кишвар, аз ҷумла Суди Олии иқтисодӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу вахдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии кадрҳои ҷавон ва нақши онҳо дар таҳкими фаъолияти мақомот авлавият дода мешавад. Аз ҷумла, кормандон ва судяҳои ҷавон мунтазам ба курсҳои омӯзишии такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд, ки ба нафъи кор аст. Зеро давраҳои омӯзишӣ дар баланд бардоштани малакаю дониши касбии кормандонИ ҷавон такони тоза бахшида, ба таҳия ва қабули санадҳои қонуниву асоснок, омодасозии ҳуҷҷатҳои мурофиавй, тартиби баҳои ҳуқуқӣ додан ба далелхри парванда ва дигар самтҳои пешбурди адолати судӣ мусоидат менамояд
Бо итминон метавон гуфт, ки кормандони мақомоти судии кишвар, бахусус кормандони ҷавони соҳа, фаъолияти хизматии худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро даи таъмини адолати судй, пешрафту шукуфоии Ватани мaҳбyбaмoн мегузоранд.
Фаррух ВАЛИЗОДА мутахассиси пешбари Раёсап таъмини ташкили кори судҳс ҷамъбасти амалияи судй омори судй ва арзу шикоятҳо! Суди Олии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу