Маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи аввали соли 2018

Имрӯз, дар толор Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати  ба амал  баровардани  адолати  судӣ  дар нимсолаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи  дуюми соли ҷорӣ, бо иштироки  Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, Муовинон, судяҳо,  кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ баргузор гардид

Мутобиқи  рӯзноми  маҷлиси  Раёсати Суди Олии иқтисодӣ оид ба  ҷамъбсти   фаъолияти  судҳои иқтисодӣ  дар нимсолаи аввали соли 2018  Раиси Суди Олии иқтисодӣ  муҳтарам Қаландарзода М.С. маърӯза намуда, сипас    ахборотҳои  муовини якуми Раис оид ба натиҷаи  фаъолияти марҳилаи кассатсинӣ ва назоратӣ ,   Раисон, муовинон ва судяҳои  судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ шунида шуд.

Аз натиҷаи  маҷлис  қарори Раёсати  Суди Олии иқтисодӣ қабул  карда шуд.

Маракази матбуоти СОИ ТҶ

Напечатать страницу Напечатать страницу