«Аҳамият ва ҷойгоҳи Об дар рушди устувори иқтисоди кишвар».

Мӯхтарам Раис ва ҳамкасбони гироми, тавре ҳаммаи мо огаҳи дорем 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро қабул намуд. Он аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.

Қатъномаи мазкур, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои умумибашарй, аз қабили ивазшавии қабати озонй ва тағйирёбии иқлими сайёра, таъминоти аҳолии курраи замин бо оби нӯшокй, истифодаи оқилонаи захираҳои обй ва ҳолати экологии муҳити зист бахшида шуда, ҷомеаи ҷаҳониро як бори дигар барои кам кардани исрофи об, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обй, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ, низоми экологй ва рушди устувори инсонӣ ҳушдор месозад.

Масъалаи омӯзиши об ва нақши он дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимой ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мавриди муҳокимаи зиёди мутахассисону алоқамандони илмҳои муосири табиатшиносӣ, географӣ, иқтисодй-иҷтимой ва экологй қарор гирифтааст.

Мехоҳам ин ҷо чанд андешаро оид ба масъалаи захираҳои обй, аҳамияти иқтисодӣ-иҷтимоии он ҳамчун сарвати миллй ва захираи маҳдуди табиӣ, ки аз нуқтаи назари ҳолати кунунии истифодаи об дар ҷаҳон ҷилавгирӣ карда шудааст, баён намоям.

Асарҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки аҷдодони тоҷикон доимо минтақаҳоеро барои зист қарор медоданд, ки он ҷо об ҳамчун боигарии асосӣ дар раванди фаъолияти хоҷагидорӣ ва рушди ҳаёти одамон нақши калон бозад. Дар ин минтақаҳои зебо новобаста аз дур будан аз марказҳои иқтисодию фарҳангй, барои озоду осудаҳолона зиндагӣ кардан мувофиқ буда, аз кӯҳҳои баланд обҳои ширину мусаффо ҷорй шуда, дар баробари доманакӯҳҳои сарсабзу хуррам барои муҳити зист беҳтарин шароити зист муҳайё буданд. Инчунин роҳҳои робитаю тиҷорат ва муҳоҷират канори дарёҳои бузург ҳам захираи обҳои нӯшокӣ ва ҳам манбаи ба даст овардани маҳсулоти ғизой буданд, ки ин ба кишоварзон об медоду ба мусофирон роҳ ва хӯрок.

Вобаста ба афзоиши аҳолй, тараққиёт ва васеъшавии истеҳсолот мураккабшавии ҳолати экологй ва ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла захираҳои обй ва истифодаи он аз сарчашмаҳо боиси кам шудани обҳои нӯшокй гардид. Фақат инсоният дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX ба хотири пирӯзй аз неруҳои табиат ва мувофиқ гардонидани раванди иқтисодии худ бо омилҳои табиӣ ба дарки масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии экологии захираҳои обй ва муҳити зисти одамон диққати махсус доданд. Нишондиҳандаҳои омории ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки имрӯз дар курраи замин 1,2 млрд. нафар аҳолй аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва зиёда аз 2 млрд. нафар аз обҳое истифода мебаранд, ки ба талаботи тозагию бехдоштӣ ҷавобгӯ нестанд. Агар ин раванд идома ёбад, ба фикри мутахассисону коршиносони соҳа баъди 20- 25 сол аз нисф зиёди аҳолии курраи замин (беш аз 3 млрд.) ба норасоии захираҳои оби нӯшокӣ дучор мегарданд.

Мушоҳидаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии нигохдории тандурустӣ аз он гувоҳй медиҳанд, ки зиёда аз нисфи саломатӣ ва бардавомии умри инсон аз шароити зиндагй, аз панҷ як ҳиссааш аз ҳолати муҳити зист ва тақрибан 10 фоиз аз ҳолати обҳои нӯшокӣ вобастагй дорад. Аз рӯи таҳлили коршиносону олимони соҳа қариб 50 фоизи бемориҳои сирояткунанда, ба мисли бемории тифи шикам, дизентерия, молярия ва баъзе бемориҳои дарди меъдаю рӯда маҳз аз ҳисоби истеъмоли обҳои ифлос ва барои нӯшидан номуносиб cap мезананд. Ин раванд як бори дигар аз муҳим ва саривақтй будани масоили мазкур дар сатҳи байналмилалй гувоҳӣ медиҳад, ки барои кам кардани исрофи об, пешгирии ифлосшавии он, истифодаи самараноки захираҳои обӣ кумаки калон мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ташаббускори ин чорабинии сатҳи байналмилалй мебошад, аз лиҳози захираҳои обӣ бой буда, зиёда аз 50%- и сарчашмагирии ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди он рост меояд. Ин захираҳо бо пиряхҳо, ки 8%-и ҳудуди ҷумҳуриро фаро гирифтаанд, якҷоя шуда, захираҳои бузурги оби тозаро ташкил медиҳанд, ки он дар ҳаҷми 845 млрд. метри кубӣ арзёбй мегардад. Дар маҷмӯъ 55,4% захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки он дар ҳаҷми 64,0 км3/сол арзёбй мегардад. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби боигарии захираҳои об дар миқёси ИДМ (СНГ) баъди Федератсияи Россия дар ҷои дуюм, дар миқёси Осиёи Марказй дар ҷои якум ва аз ҳисоби обҳои ширини нӯшокӣ дар ҷаҳон дар даҳгонаи аввал ҷойдорад.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллй Пешвои миллат Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди «иқтисодиёти сабз» диққати махсус до да шуда, об ҳамчун як унсури асосй дар рушди устувори иқтисоди кишвар дониста шуд.

Ҳозирини гироми тавре ба ҳаммаи мо маълум аст ҶТ Ҷумхурии аграри- саноати мебошад ва бе шубҳа яке аз соҳаҳои пешбарандаи рушди иқтисоди миллии мо ин соҳаи кишоварзи ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки агар як донаи дилхоҳ зироат дар замин кишт карда шавад, то он замин обери карда нашавад донаи мазкур аз замин ҳатто сабзида намеруяд. Ана ҳамин мисоли одди аҳамият ва ҷойгоҳи обро дар рушди устувори иқтисодй кишвар инъикос менамояд, ки бидуни об соҳаи кишоварзй арзи вуҷуд дошта наметованд.

Захираҳои обии Тоҷикистон ба таври васеъ дар соҳаҳои иқтисоди миллй, иеш аз ҳама, дар соҳаи кишоварзй, аз ҷумла барои обёрикунонии

заминҳои корами обй истифода мешаванд ва дар рушди устувори иқтисоди кишварамон нақши асосиро мебозанд. Махсусан дараҷаи баланди аз об таъмин будани ҷумҳурӣ ба тараққиёти интенсивии заминҳои обй мусоидат менамояд. Заминҳои обии ҷумҳурӣ зиёда аз 13 фоизи заминҳои кишти кишоварзиро ишғол намуда, то 90 фоизи маҳсулоти умумии соҳаи мазкурро истеҳсол мекунанд. Таъкиди Пешвои миллат дар Паёми имсола оид ба рӯёнидани 2-3 ҳосил аз ҳар як гектари замини обй ишора ба яке аз се ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолй ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологй тоза мебошад.

Аз ҷониби дигар мусоидат ба «иқтисодиёти сабз» метавонад ба рушди соҳаи туризм ва сайёҳй, махсусан туризми экологй созгор бошад. Барои ин, пеш аз ҳама, дастирии давлатии соҳаи туризм, рушди инфрасохтори бозорй ва муррифии ширкатҳои ватание, ки барои ҷалби сайёҳон ва истеҳсоли обҳои нӯшокй машғуланд, лозим аст. Ин нукта низ дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид карда шуд. Барои самаранок фаъолият кардани соҳаи мазкур дар назди дастгоҳи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон як сохтори нав ташкил карда мешавад, ки бевосита ба рушд ва танзими соҳаи туризм ва сайёҳй машғул мешавад.

Боз як нуктаи дигаре, ки дар Паёми имсола ироа гардид, ин * истеҳсоли қувваи энергетикии аз ҷиҳати экологй тоза мебошад, ки алҳол он 99,2% -ро дар ҳиссаи истеҳсоли гидроэнергетикии кишвар ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикй бой буда, дар Осиёи Марказй дар ҷои аввал меистад. 70%-и захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй ба ҳудуди он рост меояд, ки дар шароити ҳозира ҳамагй 4%-и он истифода мешаваду халос. Агар мо иқтидорҳои истеҳсолии қувваи барқии ҷумҳуриро таҳлил карда бароем, он гоҳ ин нишондиҳанда тақрибан дар ҳаҷми 527 млрд кВт-соат арзёбй мегардад. Шароити табий-иқлимӣ ва релефи ҷумҳурии мо бештар барои коркарди қувваи барк мусоид буда, дар як дарё аз 5 то 10 адад силсиланеругоҳҳои барқи обй сохтан мумкин аст. Тасдиқи ин гуфтаҳо истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Вахш, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Сурхобу Хингоб ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии дарёи Зарафшонро мисол овардан мумкин аст.

Бояд ёдовар шуд, ки 12 майи соли 2016 бо иштироки намояндагони чор кишвар-Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи CASA-1000 асос гузошта шуд. Дар назар дошта шудааст, ки дар ҳолати сохтану ба истифода додан имконияти интиқоли қувваи барқ то Осиёи Ҷанубӣ ба амал меояд. Сохтмони пурраи он зиёда аз 1 млрд доллари амрикой (ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 320 млн. дол.)-ро ташкил медиҳад, ки он барои баромадан ба бозори ҷаҳонии содироти захираҳои энергетикй мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки нақшаҳои кишвар дар ин бора дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қайд гардидааст. Тибқи ин ҳуҷҷати перспективй, дар даҳсолаи наздик истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон зиёда аз ду маротиба афзоиш меёбад. Табиист, ки мутаносибан, содироти барк низ зиёд гардида, ҷуғрофиёи кишварҳое, ки аз барқи Тоҷикистон истифода мебаранд, тавсиа пайдо мекунад.

Дар ҳуҷҷатҳое, ки моҳи марти соли 2018 байни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расиданд, имкониятҳои истифодаи захираҳои обию баркии минтақа, махсусан таъкид гардиданд. Яъне, дар ин соҳаҳо ду кишвари дусту бародар ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш хоҳинд дод.

Ҳаммаи мисол ва дапелҳои дар боло овардашуда шаҳодати онанд, ки аҳамият ва ҷойгоҳи об дар рушди устувори иқтисоди кишвар, боарзиш буда дар мадди аввал меистанд.

Фикр мекунам, ки тайи даҳсолаҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони кушоди баррасй ва ҳалли муаммоҳои минтақавй ва байналхалқии захираҳои обй ва бехдошти муҳити зист гардида, дар таъмин намудани рушди босуботи иқтисодй қадамҳои устувор мегузорад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Президента кишварамон муҳтарам Эмомалй. Раҳмон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳон баҳои баланд гирифтанд ва шахсиятҳои бузург ин нуқтаро борҳо зикр намуданд. Чор ташаббуси бузурги Сарвари давлат дар масъалаҳои ҳалли проблемаҳои марбут ба об дар рушди устувори кишварҳо марҳаплаи муҳим гардиданд. Талошҳо дар чаҳорчубаи ташаббусҳое, чун «Соли байналмиллалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмиллалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмиллалии ҳамкорй дар соҳаи об, 2013, Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хеле муасир ҳастанд.

Вобаста ба пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалй Раҳмон дар минбари СММ моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувори иқисоди кишвар самараи дилхоҳ диҳанд ва дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд

Давлатзода Толиб
Судяи суди иқтисодии
вилояти Хатлон

Напечатать страницу Напечатать страницу