Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 21 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-омили муҳимтарини ҳастии миллат» мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қодирзода Абдуҷаббор, оғоз намуда қайд карданд, ки Ваҳдати миллӣ ин дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон буда, он бевосита бо ташшабус ва иродаи матини Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатдориро аз паёми сулҳ оғоз намуда, ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон, хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон ва наслҳои ояндаи мардумамон бо дастгирии миллати куҳанбунёди тоҷик минбаъд низ идома дода истодаем.
Баъди таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми сарбаланди кишварамон бисту як сол аст, ки ба шукронаи ин неъмати бебаҳо ба хотири ободиву пешрафти давлати соҳибихтиёри худ ва сарзамини биҳиштосои хеш кӯшишу ғайрати рӯзафзун зоҳир менамоянд.
Пешвои миллат, дар ҳар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва обу хоки аҷдодӣ қадру манзалат дорад, пеш аз ҳама, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд.
Имрӯз тамоми халқи Тоҷикистон ин таъкидҳои сарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ намуда, шукрона аз он мекунанд, ки дар ватани маҳбубамон сулҳу оромӣ пойдор аст ва ба хотири таҳкиму тақвияти минбаъдаи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои нодири миллӣ талош менамоянд.
Воқеан, дар ҳар давлате, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад, он давлат пайваста пеш меравад, иқтисодиёташ рушд мекунад ва дар натиҷа, мардуми он метавонад ба сатҳи арзандаи зиндагӣ ноил гардад.
Ғайр аз ин, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ҳамчун сабақҳои басо арзишманд чи дар дохили кишвар ва чи дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида, давлатҳое ҳастанд, ки орзўи тинҷиву оромиро мекунанд.
Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, ки дар бисёри аз давлатҳо нооромӣ идома дорад, мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дасисаву фиреби ҳар гуна нерӯҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем ва мардумро ба номи истиқлолияту озодӣ ва пешрафти ояндаи Ватанамон муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ дорем.
Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, дар арафаи ҷашнгирии ин рӯзи муборак тамоми мардуми шарафманди миллати тоҷик, ҳозирини гиромиқадр, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодиро бо ҷашни фархундаи ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба халқи азизи Тоҷикистон сулҳу суботи ҷовидони орзу намуданд.
Ҳамчунин дар мизи мудаввар Судяи Суди Олии иқтисодӣ Темурзода Шамсиддин Сафар дар мавзўи “Ваҳдати миллӣ-Эҳёи миллат бо Пешвои миллат”, мутахассиси пешбари раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодӣ Шарифзода Хушнуд дар мавзўи “Падидаи нодири сулҳоварӣ”, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Сафарзода Носирхон дар мавзўи “Ваҳдату ягонагӣ пойдевори устувори ҳар миллату ҳалқият аст” ва котиби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷамиламоҳ дар мавзўи “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини адолатӣ судӣ” баромадҳо намуда, иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ

