Об – ҳаёт дар рӯи замин

Аз чахор унсури экологие, ки зиндагии инсон бидуни онон имконнопазир аст, мухимтаринаш об хисоб меёбад. Оре об – ин хаёт дар руи замин аст! Аз мавҷудоти зиндаи якхучайра сар карда то ба набототу хайвон ва инсон махз дар мухити об меафзоянду то лахзаи фавт ба об эхтиёч доранд.

Об дар радифи хоку боду оташ аз унсурхои табии хаётофарин аст, ки олами табиат милиардхо сол аст, ки аз вахдату зиддияти чахор унсур ба хаёти худ муқовимат мебахшад.

Дар ибтидои карни 21-дар чаласахои сатхи байналмиллали проблеммаи оби тоза мавкеъи махсус пайдо намуд. Зеро нарасидани оби тоза боиси хавотири чадидии ахли чомеъа гардидааст.Дар кишвархои суструшдёбанда ва навинкишоф нарасидани оби тозаи нушиданиро бештар эхсос намуда, барои халли ин мушкилот аз тамоми имкониятхо истифода мебурдагӣ шуданд.

Дар солхои истиклолияти давлати рохбарияти Чумхурии Точикистон ба халли масъалахои марбут ба об дар микёси минтакави ва байналмиллали диккати калон дода истодааст.Кишвари мо дар олам чун кишвари дорои захирахои фаровони об шинохта шуда, захираи оби тозаи дар худуди он тавлидёбанда асосан дар пиряххо ва кулхо чойгиранд.

Сарвари давлат Эмомали рахмон дар мубохисаи умумии ичлосияи 64-ми Мачмааи умумии СММ махсусан кайд карданд , ки «Аз ин минбари баланд мехохем масъалаи марбут ба хушкнашавии бахри Аралро хотирнишон созем.Сабаби асосии ин фочеаи экологи аз худкунии микёсан зиёди замин барои зироатхои обталаб ба монанди пахта ва шоли мебошад.Дар айни хол рахои аз вазъи ба амал омада, ки мучиби шур задани заминхо ва аз 30 то 60 фоиз талаф шудани об мегардад, аз чониби мамлакатхои минтака андешидани тадбирхои мушаххас доир ба сарфаи об тавассути баркарорсозии шабакахои обтаъминкуни ва замин, чори кардани технологияхои навини обёри, ки ба халли масъалахои марбут ба бухрони озукавори низ мусоидат хохад кард».

Мавриди зикр аст, ки новобаста ба кишвари дорои захирахои фаровони оби тоза махсуб будани чумхурии мо беш аз 40-фоизи ахолии мамлакатамон ба оби тозаи нушидани дастрасии пурра надоранд.

Аз ин ру Созмони Миллали Муттахид оби нушидании солимро чузви хукукии башар ба хисоб овардааст.Дар Эъломияи ин созмон омадааст: “Бояд ба об хамчун фаровардаи фарханги ва ичтимои нигарист”.Багумон, карор додани  хаки  бахрабардори аз об дар миёни хукуки башар икдоме мухим ва зарури барои дастёби ба зиндагии солим ва шиистаи шаъну шарофати инсонист.

Вокеъан хам об яке аз сарватхои бебахои табиат буда, сарсабзию шукуфои ва пойдории олам ба он сахт марбут аст.Бешубха дар он чое, ки об вучуд дорад, нишонаи хаёти зинда, абади ва хушбахтиву комрони низ дида мешавад.Об дар ташаккули чинс накши мухим дошта, махз ба василаи он мубодилаи моддахо ба амал меоянд.

Даркурраи замин 3-хисса обу 1-хисса хушкист .Вале кисмати зиёди ин об шуру талху корношоям ва ба талаботи экологи чавобгуй нест.Танхо як фоизи он ширин буда, ба эхтиёчоти ошомиданиву кишоварзи ва истехсолии чахониён ба кор бурда мешавад.Ва ин хам дар кисматхои курраи арз нобаробар чой гирифта.

Агар Точикистонро бо дигар мамлакатхо киёс кунем сад бор шукрона бояд гуфт ба ин такдири баланде, ки Парвардигор моро раво дидааст .Зеро тамоми обхои Ватани мо ширину ошомиданианд.Онхо аз пиряху тарма ва чашмахои кухи ибтидо гирифта, то маскани мо чори мешаванд.Чори мешаванду хусусияти табииашонро гум мекунанд, корношояму гайри ошомидани мегарданд.Ба корношоямии онхо, аз як тараф, хайвоноти вухушу чорпоёни сархуй сабаб гарданд, аз тарафи дигар партовхое сабаб мешаванд, ки одамон ба сохилхо хавола мекунанд.Хамин тавр набошад аз кучост дар фасли тобистон инкадар беморихои вазнини  сирояти, аз кабили доманаву зарпарвин, табларзаву изхоли хунин ва хамин монанд чандин беморихои дигар, ки хамаруза моро ба коми марг мекашанд.

Хаёти инсонро бидуни об наметавон тасаввур намуд, зеро нарасидани об ба фаъолияти номунтазами чинс боис мегардад.

Бояд дар назар дошт, ки обхои шури укёнусхо, бахрхо ва кулхо аз тарафи одамон  кам истифода мешаванд.Захирахои обхои ширин хеле кам буда, асосан аз хисоби борону барф ва пиряххо чамъ мешаванд, агар хачман дар назар гирем хеле махдуданд.Асосан обхои ширин барои обёрии растанихои дастпарвар ва гирифтани хосили баланд истифода мешаванд.

Аз кадимулайём то ба имруз аз чахор унсури мукаддасе, ки сабаби хастиву бакои оламу хаёт мебошанд, яке об аст. Лекин мутаъсифона аз бемасъулиятию беэхтиёти ва гайриокилона истифода намудани ин неъмати бебахои табиат дар руи замин хазорон-хазор одамон дар орзуи ин атои  муъчизанок чон медиханд.Хол он, ки дар сурати дарки масъулияти истифодаи самараноку окилонаи об муяссар мешавад, ки чандин миллион инсони лабташнаро об дихему дашту богхоро сарсабз намоем.

Тавре дар боло зикр гардид, масъалаи таъмини ахолии кураи замин бо оби тозаи нушоки сол ба сол мушкилтар мегардад.

Хушбахтона Точикистон аз дороии захирахои об яке аз чойхои намоёнро  ишгол  менамояд.Эхёи хар катра оби мусаффои кишвар шоиста буда  далели рисолати тафаккури ачдодист.Агар мо обро самаранок мавриди истифода карор дода, софии онро таъмин созем, хеч гох ба касалихои гуногун дучор нахохем шуд .Тарзи солимии зиндаги ба маданияти баланди худи инсон вобаста аст.Инчунин рангорангии табиати сехрангез, хандаи гулхои тар, сарсабзии растани, навои обшор, мавчи сабзи талу теппахо ба шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд.

Обро мардуми точик мукаддас мешуморад, ки ин нукта хам аз Куръон ва ривоёти исломи сарчашма мегирад.(Зимнан посдориву арчгузории чахор унсур дар Авастохам вучуд дорад).

Мо низ чун узви комилхукуки чомеъа бояд оби чашмаву дарёххоро пок нигох дорем.Дар поку беолоиш нигох доштани онхо сахмгузор бошем.Фаромуш набояд кард, ки оби тоза асоси хаёти солим ва неъмати бебахои худододро поку беолоиш нигох доштану ба ояндагон мерос мондан карзи хар як инсон аст.

Ба эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ дар давоми бист соли охир Тоҷикистон ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муааззаму мукаррами кишвар,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии ҶТ ва кули мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз қайд намуданд, “ мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт дониста, дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташабуси нави глобалии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор  2018-2028» расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Аз ҷумла, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”   баргузор мегардад, ки мақоми хоса дошта, аз обрўи сатњи байнамилалии Тоҷикистон шањодат медињад.

Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Раҷабзода Парвина Шариф.

Напечатать страницу Напечатать страницу