- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст»

Чи тавре, ки  аз қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи мубориза бо экстремизм» ва санадҳои дигари Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла, дар моддаи 3- юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудориза бо экстремизм» мафҳуми ифротгароӣ чунин шарҳ дода шудааст «Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеъӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад». Мафҳуми ифротгароӣ дар қонун  рӯшану  дақиқ шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Барои аз моҳияти ин мафҳуми ваҳшатбори аср огаҳӣ ёфтан аз ин меъёрҳои қонун огаҳи будан кифоя аст.

Қобили зикр аст, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат ҳамзамон дар хусуси доир гардидани Конфренсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили терроризму экстремизм таъкид гардида буд, ки он ду рӯз, з-юм ва 4-уми майи соли ҷорӣ таҳти унвони «Муқовимат бо тероризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид.

Мо бояд мунтазам вазифаҳои ҳамбастаи пойдории сулҳ, амният ва ба роҳ мондани ҳамгироӣ ва фарҳангиву башардӯстонаро дар минтақаи фаъолияти СҲШ ҳал намоем.Имрӯз масъалаи таъмини амният  аввалин дараҷа мебошанд.Тақвияти ҳамкории амалиамон дар масъалаҳоии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгаройи , қочоқи ғайриқонуниии  маводи мухаддир ва силоҳ, пешгирии паҳнкунии идеология  радикалӣ, киберҷиноят ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаросарҳадӣ зарур мебошад.

Масъалаҳои ҳамгироии зич ва ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсус, мақоми ҳифзи ҳқуқ ва идораҳои мудофиаи кишварҳоямон, аз ҷумла дар доираи СМЗТ СҲШ, бояд дар маркази таваҷҷуҳ боқӣ монанд.

Ба тероризм танҳо бо роҳи низомӣ ғалаба кардан ғайриимкон аст. Дар ин росто, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот муҳим мебошад. Бояд ба масъалаҳои муборизаи муштараки самаранок бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаъҳои маблағгузории тероризм ва ифротгаройи ба шумор меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Муттаҳидии талошҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар ин самт тақозои замон меҳисобем.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ «ин содир намудани амале мебошад, ки ба одамон хатари маргро ба миён меоварад, истифодаи он ба хотири ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад»

Онҳо мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм, содир намудани ҷинояти дорои хислати таррористидошта дар шакли таркиш, пахши одамон таввасути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ ва дигар амалҳое, ки боиси ҳалокати одамон мегардад, амалӣ созанд. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон бо зӯрӣ ғасб намудани давлат  ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукумронӣ намудан аст.

Дар охир қайд карданиам бояд иқрор шуд, ки мо низ мардуми шарафманди Тоҷикистон дар инкишоф ёфтани ин гӯруҳҳои ифротҷӯ бегона нестем, зеро чандин нафар фарзандони ин сарзамин низ ба ин гӯруҳҳо аъзо шуда, дар ноором сохтани зиндагии аҳли башар мусоидат менамоянд. Бадбахти ин аст, ки гӯруҳҳои ифротҷӯ мақсади нопок дошта, заррае раҳм ва шавқат адоранд. Объекти амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худро бештар дар беморхонаҳо, кудакистонҳо, мактабҳо ва дигар ҷойҳое, ки дар он гурӯҳи одамони одию заиф ҷамъ омадаанд, ба нақша мегиранд. Мо- тоҷикистониён бояд ҳамдигарро сиёҳу сафед, муҳоҷиру таҳҷои, ҷанубу шимолӣ, помирию кӯлоби, ғармию қурғони нагӯем. Пеш аз ҳама, тоҷик ва тоҷикистони бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, ғояи Тоҷикистони воҳид, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишу манфиатҳои дигар болотару пурқиматтар бошанд.

Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдураҳимзода Майрамби Неъматулло