- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ

Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, имрӯз ба тамоми кишварҳои олам  ва умуман тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда дошта, равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошанд, муттаҳидсозии  кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот  дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд.

Афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурўҳҳои террористӣ дар чаҳони муосир, яке аз омилхои муташанниҷ гардидани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имруза гардидааст. Дигаргуниҳои калони сиёсй, иқтисодй ва иҷтимоие, ки Точикистон дар солхои 90-уми асри гузашта ру ба ру шуд, кишвари моро ба душворихои сангин дучор сохта, боиси сар задани ҷангҳои дохилию таҳмилии солхои 1992-1997, гардид.

Таъсири манфии ин зуҳуротҳои номатлуб бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ баръало зоҳир шуд. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла Тоҷикистон истифода бурда, ба кишвар неруҳои бунёдгарои исломӣ ва ифротгароӣ роҳ ёфта, ба таблиғу ташвиқ ва амалӣ намудани ақидаҳои ифротгаронаи худ шурўъ намуданд.

Терроризм ва экстремизм аз рӯи оқибатҳои худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои  ҷаҳони муосир мансуб ёфта, амнияти инсоният, сулҳу субот  ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.

Бо мақсади аз ҷихати хуқуқӣ асоснок кардани мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм 16 ноябри соли 1999  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумхури Тоҷикистон “Барномаи мубориза ба муқобили терроризм ва зуҳуроти дигари экстремизм барои  солхои 2006-2010”, “Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм”, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аз 12 ноябри соли 2016, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 20016, №240   “Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мақомоти ҳокимияти иҷроия ва дигар сохторҳои давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳояшон дар мубориза бар зидди терроризм иштирок менамоянд”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015 № 646 “Дар бораи Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рўйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд”, роҳандозй карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки баҳри таъмини ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористӣ, экстремистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ аз ҷониби  Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон созмонҳои Ал-қоида; Ҳизб-ул-тахрир; Бародарони муслим; “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқй”; “Ҳизби исломии Узбекистон(собиқ Ҳаракати исломии Узбекистон)”; “Лашкари Тайба”; ”Ҷамъияти Исломӣ Покистон”; “Ҷамъияти таблиғ”; “Тоҷикистони озод”; “Равияи динии “Салафия”; “Ҳаракати “Толибон”; “Гуруҳи 24”; “Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)” ; “Ҳизби назҳати исломии Точикистон”;  “Ҷамоати “Ҷамъияти” (Ансуруллоҳ)” ва “Сохтмони  Таблиғот”. ҳамчун ташкилотҳои террористию экстремистй эътироф шуда, фаъолияти онхо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти фаъоли мубориза бо терроризм ва экстремизм бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 400 нафар аз 46 кишвари ҷаҳон ва 30 ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи конфронси байналмилалӣ таҳкими ҳамкории мутақобила оид ба масоили муайян ва пешгирии амалиёти террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо, баррасии мушкилоти ҷорӣ дар амалисозии чораҳои мубориза бар зидди террориризм, ҳамкорӣ дар самти муқовимат алайҳи ҷиноятҳои кибернетикӣ буд.

Тавре аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бармеояд, кишвари мо ҳамчун узфи фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарабахши муштарак бар зидди  хатару таҳдидҳои замони муосир  пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид.

Ҷолиби қайд аст, ки дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Рӯйхати ягонаи беш аз 3000 нафар шахсоне, ки бо ҷурми содир кардан ё муттаҳамӣ дар содир кардани ҷиноятҳои  дорои характери террористию ҷудоихоҳӣ ва  экстремистӣ  аз ҷониби хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви СҲШ дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд  ва Феҳристи беш аз 100 ташкилоти  террористию ҷудоихоҳ ва экстремистӣ,  тасдиқ шудаанд ва  амал мекунанд.

8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонибҳо рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви Созмон террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд.

Дар рӯйхати мазкур дар қатори дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ»  инчунин собиқ “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон” низ таҳти №65 ворид кардашудаастд.

Тавре ки директори Академияи маҷозии «ТИК барои рушд» Асомиддин Атоев зикр менамояд, дар ҳоле, ки созмонҳои гуногуни экстремистӣ ва терростӣ дар як шабонарӯз 24 соат фаъолият намуда, ҳадафҳои худро миёни истифодабарандагони сомона ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ таблиғу ташвиқ менамоянд, дар як шабонарӯз 8 соат мубориза бурдани ҳукуматҳои кишварҳои олам ба муқобили ин гурӯҳҳо аз дидгоҳи мантиқӣ хеле ночиз ва камсамар мебошад. Зиёда аз ин, гурӯҳҳои мазкур айни замон аз технологияҳое истифода менамоянд, ки баъзе давлатҳо ҳанӯз дар фикри ба даст овардани онанд.

Дастгоҳи таблиғотии ин гурӯҳи ифротӣ хело фаъол буда, аз тариқи шабакаҳои интернетӣ бо истифода аз маводҳои аудиовизуалӣ ва варақаҳои ташвиқотӣ дар тамоми минтақаҳои олам, аз ҷумла давлатҳои аврупоӣ ҷонибдорони худро барои иштирок дар ҷанги Сурия ва Ироқ, даъват менамоянд. Аз ин рў, барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад.

Дар охир мехоҳам баён намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қодир аст  ба ҳама намуди терроризму экстремизм муқовимат намуда, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ороми кишварро ҳифз намояд.

Муовини якуми Раиси Суди Олии

иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қодирзода А.С.