5 июни соли 2018 бо мақсади иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018, таҳти №АП-1059 марбут ба тасдиқи Руйхати роҳбарони гуруҳҳои корӣ оид ба таҳия ва амалӣ намудани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатииТоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо фаъолони ноҳияи Спитамен баргузор гардид.
Ҷамъомади мазкурро Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода А. ифтитоҳ бахшида қайд намуд, ки тибқи Амри мазкури Президенти кишвар ба ноҳияи Спитамен Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ вобаста шудаанд.
Сипас Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар баромади худ қайд намуданд, ки бо пайгирӣ аз сиёсату иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини кафолати конститутсионӣ, яъне фароҳам овардани шароити зиндагонии шоиста аҳолии кишвар мулоқоти мазкур баргузор гардид. Инчунин қайд карда шуд, ки Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 декабр соли 2017 оид ба дастгирии рушди маҳалҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид, ки шаҳодати он чорабиниҳои имрӯза мебошад.
Ба ғайр аз ин, Раиси Суди Олии иқтисодӣ оид ба ба пешрафти соҳаҳои гуногуни ноҳия дар даврони истиқлолият ва сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ суханронӣ карда шуд.
Дар охир раиси Суди Олии иқтисодӣ лоиҳаи қарорро дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ қироат намуда, ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як ҷамоату деҳҳоту маҳалли аҳолинишин, аз ҷумла бунёди марказҳои саломатӣ, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дузандагӣ, коргоҳҳои ҳунармандӣ, корхонаҳои саноатӣ, таъмиру тармими роҳҳо, гулу гулкорӣ бо ҷалби тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла имкониятҳои соҳибкорону шахсони саховатпеша даъват ба миён оварданд.
Баъдан Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим аз якчанд иншоотҳои сохташаванда ва бинои мухталифи иҷтимоию фарҳангӣ, ки айни ҳол таъмирашон идома доранд, боздид ба амал оварда, бо соҳибкорону сохтмончиён мулоқот намуданд.
Хадамоти матбуоти Суди Олии иқтисодӣ


