Ҳашари умумӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистн ва барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №24/2-18 аз 31 майи соли 2018 шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар шанбегӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи бинои судро аз партовҳо тоза карда, гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида, алафҳоро даравида, гирду атрофи дарахтонро нарм намуда, аз алафҳои бегона тоза карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд омодагӣ ба ҷашниҳои “Ваҳдати миллӣ”, «Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рузҳои шанбе бо ҷалби роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодӣ шанбегӣ ва корҳои тозагию ободони гузаронида мешавад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу