Имруз судяи суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурзода Ш дар ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода бо зиёда аз 50 нафар фаъолони ҷамоат вобаста ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористиву экстремистидошда ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохури ва баромад намуданд.
Темурзода Ш дар баромади хеш дар бораи аҳамияти Паёми мазкур суханрони намуда, афзуданд ки кишвари тоҷикон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратеги ва ба ин восита таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ ба суръат пеш меравад. Дар ин раванд бояд ҳар як фард ҳушёриву зиракиро аз даст надода амнияти дохилӣ ва кишварро муҳофизат намояд
Инчунин қайд гардид, ки имрузҳо терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар я сокини сайёра таҳдид карда, хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Дар охири баромади худ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарвари кишвар ба аҳолии ҷамоати деҳоти Работ барору комёбиҳо таманно намуданд.
Напечатать страницу