- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Иштироки кормандони судҳои иқтисодӣ дар Дави миллӣ ва Марафони велосипедронӣ

Имруз бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи велосипедронӣ ва Дави миллӣ доир гардид, ки дар он кормандони Суди Олии иқтисодӣ иштирок намуданд.

Мусобиқаи мазкур дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ, ки масофаи 10 км ташкил медиҳад, иштирокчиён миёни худ сабқат намуданд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе дар марафони велосипедрони зиёда аз 1000 нафар ва дар маросими Дави миллӣ зиёда аз 45 ҳазор нафар мардону бонувон иштирок намуданд. Дар саросари кишварамон дар маросими Дави миллӣ  436624  нафар сокинони ҷумҳурӣ фаро гирифта шуданд. ки аз онҳо 124651 бонувонро ташкил менамуданд.