- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони имрӯза – баромади Судяи Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода П. дар мизи мудаввар оид ба “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

Ҳамкасбони муҳтарам .

Дар аввал қайд кардани ҳастам, ки дар шаҳри Душанбе санаи 04 майи соли 2018 баргузор гардидани конфронсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез” дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигар, худ баёнгари омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти мубориза ва пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар ҳама сатҳу зинаҳо ба шумор меравад.

Терроризм ва ифротгароӣ имрӯзҳо ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Дар солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан кӯдакон ва ҷавонон мебошанд.            Дар чунин вазъият, кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ ва амнияти кишвар   ҳифз гардад.

Дар луғат «террор» (terror) ба маънои тарсондан ва даҳшатафканӣ омадааст. Истилоҳи терроризм барои ифодаи анҷоми амалҳои террор ё даҳшатафканӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ истифода мешавад. Баъди ба зӯроварӣ ва қатлу куштор рӯ овардани ифротгароён ин амалашон ба ҳаракати террористӣ табдил меёбад.

Истилоҳи «ифротгаро» нисбат ба маънои луғавии он дақиқтар буда, он навъе тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат ба бовариҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудлаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ муҳим арзёбӣ мекунад. Аммо, имрӯзҳо дар ҷаҳон рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” мушоҳида мешаванд.

Давлати мо имрӯз ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст.

Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри XX садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта гуреза гардиданд. Бо вуҷуди ин, халқи тоҷик тавонист, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намоянд.

Дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале то ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва ифротгароӣ ба назар намерасад.

Гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.                                                                        Дар ин робита, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари созмонҳои баланд таъкид намудаанд, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ зиёда аз 1400 км. дорад, нисбат ба вазъияти кунунӣ дар ин кишвари ҳамсоя, бетафовут буда наметавонад.

Президенти кишварамон ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, зарурати ҳалли бетаъхири мушкилоти кишвари ҳамсояамон – Афғонистонро батакрор таъкид мекарданд.

Вақт нишон дод, ки ҳама он ҳушдорҳо воқеӣ будаанд ва натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтанд.

Танҳо баъди амалҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона намуданд. Аммо пеши роҳи онро гирифтан мушкил гардид.

Масалан: агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯён намояндагони 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат қаъйд шудааст.

Дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ як қисми онҳо нобуд карда шуда, қисми дигарашон ба кишварҳои худ баргаштаанд ва метавонанд ба кишварҳои худ хатар эҷод кунанд.

Омилҳои дигари густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризму ифротгароӣ маҳсуб меёбад, аз ҷумлаи мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ ба ҷомеаи ҷаҳони таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъитӣ ва ҳар фарди ватандустро барои мубориза бар зидди ин ҷиноятҳо муваззаф гардонидааст.

        Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирзозода П.Т.