- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Ҷиҳати омўзиши суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сатҳи байналмилалӣ дар мавзўи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” мизи мудаввар баргузор гардид

Имрўз, 14 майи соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М.С., роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҷиҳати омўзиши суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сатҳи байналмилалӣ дар мавзўи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” мизи мудаввар доир гардид.

Мизи мудавварро  Раиси Суди Олии иқтисодӣ  муҳтарам Қаландарзода М.С. ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз масъалаҳои доғи рўз ва вабои аср буда, мубориза бо он қарзи ҳар як инсон ва шаҳрванд мебошад.

Инчунин иброз намуданд, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.

Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарбахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш дода истодааст. Тақвияти ҳамкориҳои густурда бо шарикони байналмилалиро давлати мо яке аз омилҳои муҳимми татбиқи ҳадафҳое медонем, ки дар Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ дарҷ гардидаанд. Ҳамчунин Тоҷикистон имрӯз ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат сулҳи ҷовидонаро ба даст овард ва Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди эътирофу  омӯзиш қарор гирифтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои минбаъда дар ҷодаи таъмини суботу амният низ бо сарварии Президенти мамалакатамон талош хоҳад кард.

Сипас Судяи Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода П. Дар мавзўи “Терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони имрўза” ва судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода Зулфия дар мавзўи “Хатараи умумиҷаҳонии экстеримизм ва терроризми байналмилалӣ” баромадҳо намуда, иштирокчиёни  мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

Марказӣ матбуоти СОИ ТҶ