Ифтитоҳи иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ

Имрӯз бо иштироки муовини Раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе Муинӣ М., роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодӣ ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳраки 14-ум, воқеъ дар назди  биноҳои 6/2, 6/3, 36 ва 38 кӯчаи ба номи Владимир Маяковскии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ  ифтитоҳ гардид, ки пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакону сокинон таъмин мебошад.

Иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатии мазкур дар пайгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Судҳои иқтисодӣ ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳашару ташкили шанбегиҳои ҳарҳафтаина бо маблағҳои хайриявӣ ва дастгирии соҳибкорон ба маблағи 1 280 710 сомонӣ дар майдони 3453,7  м2 сохта шудааст.

Он аз майдончаи варзишии универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол дар масоҳати 540 м2, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон дар масоҳати 390,4  м2, гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд, инчунин таввақуфгоҳ дар масоҳати 284,7 м2  бунёд гардидааст. Ҳудуд ва атрофи майдонча сабзкорӣ шуда, дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳо ва 2 адад айвон – суҳбатгоҳ насб гардидааст. Дар доираи корҳои кабудизоркунӣ ниҳолҳои ороишӣ, дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои садбаргу мавсимӣ шинонида шудааст, ки ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо менамояд.

Имрӯзҳо бунёд ва ба истифода додани чунин майдончаҳои варзишию фароғатӣ дар гушаву канори пойтахт ва Ҷумҳурӣ идома дорад ва ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти мамлакат дар ин самт судҳои иқтисодӣ ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасмим гирифтанд, ки чунин як маҷмааи муосири варзишию фароғатиро ҳамчун тӯҳфаи арзанда ба ҷавонон ва сокинони шаҳраки 14-уми ноҳияи Синои пойтахт тақдим намуда барои обод намудани як гушаи пойтахти кишварамон саҳмгузор бошанд.

Сокинони маҳалла ин иқдомро самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба аҳолӣ ва махсусан ҷавонон, ки насли ояндасози мамлакат ба ҳисоб мераванд маънидод намуданд.

Дар маросими кушодани варзишгоҳ аз номи Раиси шаҳри Душанбе ба насли наврас ва кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу