Имруз бобати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба дархости вохӯрӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони ин бонк баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода А. судяҳо Саид Суҳроб, Мирзозода П., Азизӣ Ҷ., Темурзода Ш. ва ёрдамчии раис Ғаюрзода Д. бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ Гоар Гюлумян иқтисодчии калон оид ба Тоҷикистон ва иқтисодчӣ Баҳром Зиёев вохӯрӣ доир намудаанд.
Зимни суҳбат доир ба мавзуҳои ислоҳоти институтсионалӣ ва меъёрӣ, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафти равобити савдо бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд, парвандаҳое, ки аз муносибатҳои андозбандӣ бармеоянд, муҳокимаронӣ карда шуд.
Напечатать страницу
